Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони Боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри Арбоб

20 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии боғи фарҳангию фароғатие, ки дар назди Қасри Арбоб бунёд шуда истодааст, шинос гардид.

Боғи фарҳангию фароғатӣ дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бунёди макони нави истироҳатӣ ба ин мавзеъ, ки аз ҷойҳои сербинандатарин аст, ҳусни дигар зам менамояд. Бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри таърихии Арбоб барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ буда, аз ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ боздид менамоянд. Аз ин лиҳоз, боғи нав барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳа иншоот бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо рафти корҳо ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани сохтмон, ҷалби қувваи иловагии корӣ ва дар муҳлати пешбинишуда омода намудани боғи истироҳатӣ супоришҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки имсол 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. 30 сол пеш вакилони Парлумони Тоҷикистон бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар Қасри Арбоб ҷамъ омада, қарорҳои муҳимеро, ки сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба онҳо сахт марбут буд, қабул намуданд. Дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд