Дар шаҳри Панҷакент толори варзишӣ ба истифода дода шуд

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Панҷакент бо маром идома дошта, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз деҳаи Зери Ҳисори Ҷамоати деҳоти ба номи Абудабдулоҳ Рӯдакӣ боздид намуда, толори варзишии навро мавриди истифода қарор дод.

Иншооти мазкур дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52 бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба наврасону ҷавонон ҷиҳати машғул шудан бо варзиш имкониятҳои зарурӣ фароҳам меорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони деҳа таъкид намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар густариш ёфта, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.

Қайд карда шуд, ки дар татбиқи ин ҳадафҳои созанда саҳми соҳибкорони ватандӯст бузург мебошад. Дар ҳамин замина, ба нақша гирифта шудааст, ки бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар ояндаи наздик бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52 бунёд ва мавриди истифода қарор дода шавад.

Сокинони деҳаи Зери Ҳисор аз таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат ва роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва машғул шудан ба варзиш ба ташаккули насли ватандӯсту соҳибмаърифат мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд