Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарону фаъолони шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо роҳбарияти шаҳр, намояндагони сохторҳои дахлдор, фаъолон, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот, корхонаҳои коркарди пахта машварати корӣ баргузор намуд.

Дар оғоз Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ёдовар шуда, таваҷҷуҳи масъулинро ба сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ҷалб намуд. Таъкид карда шуд, ки бо мақсади ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо дар мавсими пахтачинӣ аз ҳисоби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шахсони масъул ба шаҳру ноҳияҳои пахтакор вобаста карда шудаанд. Роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки тамоми имкониятҳоро истифода бурда, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҳосили пахтаро пурра ҷамъоварӣ намоянд. 

Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода зимни ироаи ҳисобот қайд намуд, ки аҳолии касбу кори гуногун, фаъолони маҳаллаҳо, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кормандони сохторҳои гуногун дар ҷамъоварии пахта ба деҳқонон кумак расонда истодаанд.

Дар машварат, ҳамзамон, масъалаи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр бояд ба корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. Барои бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъсиси корхонаҳои нав, таъмиру мумфарш намудани роҳу кӯчаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Ҳамзамон, Раиси вилоят зарур шуморид, ки ба истифодаи оқилонаи обу замин бунёди боғу токзорҳои нав, гармхонаҳои замонавӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Тазаккур дода шуд, ки шаҳри Конибодом дорои зарфиятҳои фаровон аст ва истифодаи дурусти онҳо метавонад ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳр мусоидат намояд.

Ба роҳбарияти шаҳр инчунин ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон, дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд