Дидорбинӣ бо собиқадорони меҳнат дар шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафт.

Раиси вилоят аз ҳоли Акбарҷон Аҳмедов, Барно Набиева, Мукаррам Ғаффорова, Сиддиқҷон Набиев хабар гирифта, аз ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Номбаршудагон солҳои зиёд дар пешрафти ҷомеа саҳм гузошта, имрӯз низ дар корҳои ободониву ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Аснои суҳбат таъкид гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳ ба собиқадорони меҳнат дар мадди аввал қарор дошта, аз ҷониби давлат ба ин қишри ҷомеа мунтазам ғамхорӣ карда мешавад. 

Собиқадорони меҳнат барои чунин ғамхорӣ ба Пешвои миллат миннатдорӣ намуда, барои шукуфоии Тоҷикистон орзуҳои нек намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд