Боздиди Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз мактаби ба номи А.П.Чехов

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз мактаби ба номи А.П. Чехов боздид ба амал овард. 

Раиси вилоят бо ҷараёни таълиму тадрис дар мактаб шинос гардида, аз синфхонаҳои таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, китобхона, технопарки «Кванториум», ҳамчунин толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ боздид кард ва бо хонандагон суҳбат намуд.

Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки ба шарофати талошҳои пайгиронаи роҳбарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин муносибатҳои шарикии стратегии байни кишварҳоямон ба сатҳи сифатан нав баромадаанд. Таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои таълиму тарбияи хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 

Раиси вилоят бар аҳамияти мубодилаи таҷриба миёни муассисаҳои таълимии вилояти Суғд таъкид намуда, супориш дод, ки дар ин самт ҳамкории зич ба роҳ монда шавад. Дар ҳамин замина, истифода аз таҷрибаи мактаби ба номи А.П. Чехов, ки муассисаи таълимии намунавӣ аст, муфид арзёбӣ гардид.

Раҷаб Аҳмадзода хонандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши аъло ва барори кор орзу намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд