
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи мошингарди деҳаи Яккатол оғоз бахшида шуд.
Мумфарш гардидани роҳ, ки аз орзуҳои деринаи сокинон маҳсуб меёбад, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми фаъолонаи соҳибкорон ва аҳолии ободкор амалӣ мегардад.
Дар ҷараёни сафари корӣ иттилоъ дода шуд, ки дар Сабристон бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони хусусӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад. Ин иншооти иҷтимоӣ имкон фароҳам меорад, ки кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон аз ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва мардуми заҳматкаши шаҳри Истаравшан изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро бо фарорасии ҷашни фархунда – 34-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои муштараки мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ ҷашни таърихӣ бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифта мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




