Сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад

2 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф шинос гардид. 

Нахуст роҳбари вилоят аз рафти сохтмони бинои иловагӣ дар гимназияи №4 боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 1600 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании “Тоҷ-сохтмон” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро дорад.

Корҳои сохтмонӣ асосан ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ оғоз гардидааст. Дар паҳлӯйи бинои мазкур сохтмони толори варзишӣ низ оғоз шудааст, ки барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва машқу тамрин шароити созгор муҳайё хоҳад шуд.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва ширкати “Тоҷ-сохтмон” ҷиҳати пурра омода намудани иншоот дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин аз рафти сохтмони кӯдакистони хусусӣ барои 100 кӯдак, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Аркон” барои 1300 хонанда дар ду баст бо 50 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Аркон” барои 400 нафар кӯдак бо 35 ҷои корӣ ва муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ҶДММ “Фартуна-КО” барои 500 кӯдак бо 40 ҷои корӣ дар маҳаллаи “Темурмалик” шинос шуд.

Барои босифат ва бо истифода аз масолеҳи ватанӣ ва санъати меъмории миллӣ ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд