Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд баргузор гардид

23 августи соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд баргузор гардид. 

Дар машварат Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони Раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Раиси вилоят ва вазири маориф ва илм пеш аз оғози машварат бо ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва омӯзгорони онҳо мулоқот намуда, ба онҳо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим карданд. Ҳамчунин, меҳмонон бо намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соҳаи маориф, аз ҷумла, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Ихтироъкорон ва навоварон”, “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” шинос шуданд. Дар ин рӯз, собиқадорони соҳаи маориф низ бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Маросими расмии машварат бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар идомаи чорабинӣ Раиси вилояти Суғд ва вазири маориф ва илм вобаста ба дастовард ва рушди соҳаи маориф дар вилоят суханронӣ намуданд.

Дар суханрониҳо иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду таҳкими соҳаи маориф, омодагӣ ба соли нави таҳсил, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ оид ба қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” маълумот дода, таъкид дошт, ки аз 1 сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ боз 30 фоиз зиёд карда мешавад. Ин иқдом бозгӯи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгорон ва рушди соҳаи маориф мебошад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ гурӯҳи омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хизматҳои арзанда ва саҳми назаррас дар рушди соҳаи маориф бо мукофотҳо, нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, ифтихорнома ва сипосномаҳои вазорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин бо мукофотпулиҳои яквақта қадрдонӣ шуданд.

Дар анҷоми кори машварат барномаи консертии дастаҳои ҳунарии вилоят ба иштирокчиён манзур гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд