Тақдими либосҳои мактабӣ ба ятимону фарзандони оилаҳои ниёзманд

20 августи соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ятимон ва кӯдакони бепарастор либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуд.

Иқдоми мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, наврасон дар арафаи соли нави таҳсил барои ба мактаб рафтан омода гардиданд.

Раиси вилояти Суғд аснои суҳбат қайд намуд, ки дастгирии иҷтимоии ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва қишри ниёзманди ҷомеаро давлат ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Дар ин рӯз 11 нафар ятими кул ва 15 нафар кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бо либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимоти зарурии хониш таъмин карда шуданд.

Наврасон иброз доштанд, ки илму донишҳои мусосирро азхуд карда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида ба халқу Ватан хизмат мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд