
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба манзили собиқадори соҳаи тиб Акбарбердӣ Эгамбердиев ташриф овард.
Акбарбердӣ Эгамбердиев беш аз 50 сол ҳамчун мутахассиси асабшинос фаъолият намудааст. Айни ҳол ӯ бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда дар ҳалқаи пайвандон умр ба сар мебарад.
Раиси вилоят зимни суҳбат аз ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба собиқадорони меҳнат ёдовар шуда, ба оилаи Эгамбердиевҳо аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим намуд.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят ба манзили Раҳматулло Исмоилов, ки оилаи ниёзманд ба шумор меравад, ташриф оварда, аз номи Пешвои миллат ба онҳо кӯмакҳои модиву пулӣ тақдим намуд. Ба фарзандони ин оила, ки хонандагони мактаб ҳастанд, либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш супорида шуд.
Раиси вилояти Суғд ҳамзамон ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дод, ки барои беҳбуд бахшидани шароити зист ва зиндагии ин оила чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




