
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан аз ҳоли собиқадори меҳнат Гавҳар Бобоева ва маъюби гурӯҳи якум Равшанҷони Хушбахтҷон хабар гирифт.
Ба номбаршудагон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои пулӣ ва моддӣ расонида шуд.
Зикр гардид, ки таваҷҷуҳ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аёдати собиқадорони меҳнат, пиронсолон ва шахсони маъюбу бемор ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, чунин иқдомҳо нишонаи ғамхории доимии роҳбарияти мамлакат нисбат ба ҳар як фарди ҷомеа мебошанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




