Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Истаравшан

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ идома дошта, симои шаҳр рӯз то рӯз зеботар гардида истодааст. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо сохтмони кӯдакистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бинои маъмурии Прокуратура, маркази саломатӣ ва биноҳои истиқоматӣ шинос шуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Аснои боздид аз маркази ташхисиву табобатии «Салоҳиддин» дар маҳаллаи Дилкушо иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди чунин марказҳои ташхису табобат сатҳи сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Истаравшан боз ҳам баланд бардошта мешавад.

Сохтмони бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр низ дар арафаи анҷомёбист. Бинои нав бо меъмории замонавӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тақдим мегардад.

Дар соҳаи маориф низ корҳои назаррас амалӣ мешаванд. Зимни боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бунёди бинои иловагии МТМУ №5 ва бинои нави таълимӣ дар деҳаи Чорбоғро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. 

МТМУ №5, ки солҳои пеш бунёд гардидааст, ҳоло 853 хонанда дорад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ зарурат пеш омад, то бинои иловагӣ бо 3 ошёна ва 13 синфхона барои хонандагон сохта шавад. Дар МТМУ №21-и деҳаи Чорбоғ бошад, зиёда аз 3300 хонанда таҳсил менамоянд. Бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони ватандӯст бо роҳи ҳашар бунёди бинои нави таълимӣ барои 2600 нафар хонанда оғоз ёфтааст. Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои корӣ, кабинетҳои фаннӣ, ошхона ва дигар шароити муосир хоҳад буд.

Раиси вилоят ташаббуси сокинонро, ки бо ҷонибдорӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст гирифта шудааст, намунаи олии ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ барои тарбияи насли ояндасоз арзёбӣ намуд.

Дар баробари ин, дар шаҳр бунёди биноҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, маҷмааи бисёрфунксионалии “Роҳи абрешим”, ки аз ҷониби ҶДММ «Мабдаи нур» бунёд мешавад, яке аз лоиҳаҳои калон ба шумор меравад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати «Архиком К» бо ҳамкории мутахассисони Қазоқистон таҳия шуда, аз 16 ошёна иборат аст.

Дар таҳхона тавқуфгоҳ барои 100 воситаи нақлиёт ва анбори нигоҳдории маҳсулот, дар ошёнаҳои якуму дуюм марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, дар ошёнаи сеюм маркази варзишиву солимгардонӣ ва тарабхона, дар ошёнаи чорум меҳмонхона ва дар ошёнаҳои аз панҷ то шонздаҳ манзилҳои истиқоматӣ пешбинӣ шудааст. 

Раиси вилоят ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид кард, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо бояд дар дигар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Суғд низ идома ёбанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд