Дар Суғд Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози чорабинии идона аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба як қатор собиқадорони соҳаи тандурустӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. 

Раиси вилоят кормандону собиқадорони соҳаи тандурустиро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дастовардҳои нав орзу кард. Таъкид гардид, ки иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик — Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад. Имсол ин рӯз бо 1045-солагии зодрӯзи ин олим ва ҳакими бузург мувофиқ омад, ки осори гаронбаҳои ӯ то ба имрӯз раҳнамои табибони олам аст.

Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ тақвият ёфта, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба маротиб боло рафтааст. Ҳар сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳо бо ифтитоҳи муассисаҳои нави тиббӣ ва таълимӣ ҳамроҳӣ мешавад.

Тибқи иттилоъ, айни замон дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд 5352 нафар табиб ва 17 ҳазору 579 нафар корманди миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз ин шумор, 10 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 46 нафар дорандаи медали «Шафқат», 774 нафар соҳиби нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, даҳҳо нафар унвонҳои илмӣ доранд.

Соли 2025 барои соҳаи тандурустии вилоят 1 миллиарду 109 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 300 миллион сомонӣ бештар мебошад. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имсол сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 101 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 15 бинои нав ва 86 шуъбаву муассисаҳои тиббӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар иншооти банақшагирифташуда идома дорад. 

Имсол бо иштироки Пешвои миллат як қатор иншооти муҳими тиббӣ, аз ҷумла бунгоҳи саломатии Шамсобод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Беморхонаи минтақавии деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ва Маркази саломатии деҳоти Қалъаи Дӯст дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон тариқи маҷозӣ даҳҳо иншооти дигари тиббӣ ифтитоҳ гардид.

Сохтмони биноҳои иловагӣ дар марказҳои калони клиникавӣ ва беморхонаҳои вилоятӣ низ бо маром идома дорад. Бо ҷалби маблағҳои давлатӣ, соҳибкорон ва тариқи ҳашар даҳҳо марказ ва бунгоҳи саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истифода дода шуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода низ кормандони соҳаи тандурустиро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ тавсияҳо дод.

Дар анҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки табибон бо истифода аз таҷриба ва донишҳои худ барои ҳифзи саломатии ҷомеа, ташхиси саривақтӣ, коҳиши фавти модару кӯдак ва тарғиби ҳаёти солим талоши бештар хоҳанд кард ва дастовардҳои навини соҳа армуғони арзанда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд