Дар ноҳияи Спитамен корҳои созандагӣ бо маром идома доранд

Дар ноҳияи Спитамен дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мақомоти давлатӣ, аҳолӣ ва соҳибкорон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз ташаббусҳои созандаи сокинону соҳибкорон истиқбол намуда, таъкид кард, ки имрӯз мардум хуб дарк кардаанд, ки обод кардани маҳалли зист, саҳм гузоштан дар рушди иқтисод ва таъмини ҷойҳои нави корӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, сехи пойафзолдӯзӣ, мактаб–кӯдакистон ва маркази саломатӣ идома дорад. Пас аз ба истифода супурда шудани ин чор иншооти муҳим, даҳҳо сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд.

Дар ноҳияи Спитамен ба бунёду таъмири муассисаҳои тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Таъмиру навсозӣ ва муҷаҳҳазнамоии беморхонаи марказии ноҳия имкон медиҳад, ки сокинон дар шароити беҳтарин аз ташхису табобат баҳравар гарданд. Дар ин замина, сохтмони маркази дилшиносии ноҳия, ки бо саҳми ҶДММ “Шараён Варид” бунёд мешавад, босуръат идома дорад. Ин марказ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, баъд аз мавриди истифода қарор гирифтан, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам боло мебардорад.

Ҳамзамон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат, дар ноҳия ба ташкили корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир шудааст. ҶДММ “БТК Групп” тасмим дорад дар муддати кӯтоҳ корхонаи пахтатозакуниро бо иқтидори коркарди 100 тонна пахта дар як шабонарӯз ба истифода диҳад, ки бо фаъол шудани он 25–30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Раиси вилоят зимни боздид аз заминҳои кишоварзии “БТК Групп” ба роҳбарияти ширкат дастур дод, то аз заминҳо самаранок истифода намуда, маҳсулоти босифат истеҳсол ва маълумоти омориро сари вақт пешниҳод намоянд. Ҳосили зироатҳои кишти такрорӣ, аз ҷумла пиёзу картошка, хуб нашъунамо ёфта, аллакай маҳсулоти дастранҷи деҳқонон бо нархҳои дастрас дар бозорҳои сарироҳӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят ба як қатор хонандагони ятим ва аъзои хонаводаҳои камбизоат либосҳои мактабӣ тақдим намуда, таъкид кард, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат қарор дорад.

Инчунин, Раҷаб Аҳмадзода собиқадорони меҳнат Гавҳар Турсунова ва Ҳусния Неъматоваро аёдат намуда, аз номи Пешвои миллат ба онҳо кумакҳои моддиву пулӣ расонид. Гавҳар Турсунова зиёда аз 40 сол дар соҳаи маориф ва Ҳусния Неъматова беш аз 35 сол дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ содиқона хизмат намудаанд.

Аёдатшудагон барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Сарвари давлат изҳори сипоси самимӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд