
12 августи соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, кулли сохтмончиён, меъморон ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфт.
Раиси вилоят зикр намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон айни замон дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин ҷашни муқаддас боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад, зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо меҳнати пуршарафи сохтмончиён иншооти азиму муҳташам, аз ҷумла нақбҳои мошингарди "Истиқлол" ва "Шаҳристон", шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ ва Айнӣ–Панҷакент, хатти интиқоли барқи баландшиддати "Ҷануб–Шимол", маҷмааҳои фарҳангию таърихӣ, қасрҳои фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, мактабҳо ва садҳо дигар иншооти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Раиси вилоят афзуд, ки тадбирҳои созандагиву ободонӣ таҳти сарварии Пешвои миллат дар тамоми гӯшаҳои кишвар идома дошта, ҳамасола садҳо иншооти нав ба истифода дода мешавад. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар вилояти Суғд аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 521,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода супорида шуд.
Дар ин муддат 214,8 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои Идораи сохтмони асосии вилоят танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 158 миллион сомонӣ барои бунёди иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ сарф гардидааст.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар вилоят 12 ҳазор иншоот пешбинӣ шуда, то имрӯз беш аз 11 ҳазори он мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар бунёди иншоот саҳми сохтмончиён шоиста мебошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохтмончиёни вилоят минбаъд низ бо масъулияти баланд ва меҳнати софдилона супоришҳои давлату миллатро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намуда, дар ободиву зебоии диёри биҳиштосо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда мегузоранд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони соҳа, ки дар рушди сохтмон ва ободонии вилоят саҳми назаррас гузоштаанд, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




