Дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо ба коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти хӯрока дар бозорҳо мусоидат мекунад, балки имконият медиҳад, ки деҳқонон ва корхонаҳои хурди саноатӣ маҳсулоти худро бевосита ба шаҳрвандон бо нархи асосӣ пешниҳод намоянд.

Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯзҳо дар чунин ярмаркаҳо анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот, гӯшт, тухм, орд ва дигар навъи маҳсулоти хӯрока ба фурӯш гузошта шуда, дастархони сокинонро пурнозу неъмат мегардонанд.

Дар ярмаркаи навбатӣ, ки бо ширкати фаъолонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолии хуроки ватанӣ ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, дар маҷмӯъ наздик ба 120 тонна маҳсулоти гуногун ва беш аз 30 ҳазор дона тухм ба шаҳрвандон пешниҳод гардид.

Баргузории чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят яке аз иқдомҳои муфиди роҳбарияти вилоят ба ҳисоб рафта, ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардум низ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд