
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол корҳои зиёди ободониву созандагӣ амалӣ гардида истодааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Бо сармоягузории Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой корхонаи нави металлургӣ бо арзиши 50 миллион доллар сохта шуда истодааст. Дар ин корхона, ки ба коркарди мис, сурб, нуқра ва дигар металҳои қиматбаҳо машғул хоҳад шуд, наздики 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Раиси вилоят зимни боздид аз корхонаи мазкур бар зарурати истифодаи самараноки иқтидорҳо, баланд бардоштани маоши кормандон ва анҷоми саривақтии лоиҳа таъкид намуд.
Ҳамзамон, корхонаи нави “Оҳаки Истиқлол”, ки дар майдони 55 ҳазор метри мураббаъ бо 55 миллион сомонӣ сармоягузорӣ сохта мешавад, барои то 200 нафар ҷойи корӣ муҳайё хоҳад кард. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 100 ҳазор тонна оҳаксанг дар як сол буда, маҳсулоти он пурра барои содирот ба кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон нигаронида шудааст.
Бо иқдоми соҳибкори ватанӣ ва сармоягузории дохилӣ ба маблағи 1,5 миллион доллар, корхонаи дигари истеҳсоли оҳак аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Оҳак” бунёд шуда истодааст. Иқтидори шабонарӯзии он 100 тонна арзёбӣ гардида, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша пеш меравад.
Пас аз шиносоӣ роҳбари вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




