
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида истодааст.
Тибқи нақша, то ҷашни таърихӣ дар ноҳия 600 адад иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. То имрӯз 575 иншоот ба истифода супорида шудааст, ки 95,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз рафти сохтмони як қатор иншооти муҳими ноҳия, аз ҷумла муассисаи таълимии хусусии “Пайравон”, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва бинои нави шуъбаи маориф, таъкид намуд, ки сифати корҳои сохтмонӣ бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад.
Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо тарҳи муосир дар се ошёна бунёд гардида, дорои хуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхона мебошад. Бинои нави шуъбаи маориф низ аз се ошёна иборат буда, дар он толори барҳаво, китобхонаи электронӣ ва утоқҳои кории муҷаҳҳаз пешбинӣ шудаанд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин ду иншоот ба марҳилаи анҷомёбӣ наздик шудаанд ва бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, шароити кории кормандони соҳаҳо беҳтар хоҳад шуд.
Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ, ташаббусҳои сокинони маҳаллӣ низ мавриди дастгирӣ қарор доранд. Соҳибкорони маҳаллаи Ҷаббор Расулови Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав бо роҳандозии ҳашари дастаҷамъона беш аз 5 километр роҳро мумфарш намуданианд. Раиси вилоят зимни иштирок дар оғози мумфаршкунии роҳ иқдоми сокинонро намунаи барҷастаи эҳсоси ватандӯстии мардум арзёбӣ намуда, ба сокинон изҳори миннатдорӣ кард.
Барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ мутахассисон ва техникаи соҳавӣ сафарбар шудаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




