
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо тарзи истифодаи замин ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия зиёда аз 339 миллион сомониро ташкил дода, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии “Элбек” иброз дошт, ки истифодаи оқилонаву самараноки замин бояд ба як таҷрибаи умумӣ табдил ёбад. Соли ҷорӣ деҳқонони ин хоҷагӣ тавонистаанд аз як қитъа замин се ҳосил — помидор, қаланфури булғорӣ ва ҷуворимаккаро ба даст оранд, ки нишонаи муносибати хирадмандона бо замин ва меҳнати софдилонаи кишоварзон мебошад.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки чунин таҷриба метавонанд ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии деҳконон ва рушди деҳот мусоидат намояд.
Майдони кишти такрорӣ дар ноҳия ба 2210 гектар расида, дар он асосан карам, сабзӣ, бодирингу ҷуворимакка кишт гардидааст. Ҳосили фаровон ва босифати деҳқонон на танҳо бозори вилоятро таъмин мекунад, балки ба дигар манотиқи кишвар ва давлатҳои хориҷӣ низ содирот мешавад.
Раиси вилоят ҳамчунин аз нуқтаи захира ва содироти пиёз боздид намуда, ҷиҳати ҷамъоварии саривақтии маҳсулоти пухтарасида ва интиқоли босифати он ба бозорҳо дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод. Айни замон дар ноҳия 7 нуқтаи махсуси захира ва бастубанди пиёз фаъолият дошта, маҳсулот барои фурӯш ба бозор ва содирот омода мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




