Бунёди гармхонаи муосир ва рушди ангурпарварӣ дар ҶДММ “ММК Агро”

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” тасмим гирифтаанд, ки бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ масоҳати гармхонаи худро зиёд намоянд. 

Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҶДММ "ММК Агро" иттилоъ дода шуд, дар масоҳати 5 гектар сохтмони гармхонаи муосир бо истифода аз технологияҳои пешрафта ба нақша гирифта шудааст. Маҳсулоти асосии ин гармхона — помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон ва навъҳои гуногуни кабудӣ мебошад, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза нақши муҳим хоҳанд бозид.

Ба иттилои масъулин, шароити мусоиди табииву иқлимии минтақа имконият фароҳам меорад, ки парвариши маҳсулоти полезӣ дар гармхонаҳо дар тамоми фасли сол ба роҳ монда шавад.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз боғи ангури ҶДММ “ММК Агро” низ боздид ба амал овард. Боғ дар масоҳати 3 гектар доман паҳн намудааст ва дар он ду навъи ангур — ангури “ҳусайнӣ” ва “кишмиш” парвариш карда мешаванд. Ҳосили ангур дар ин мавсим хушсифат арзёбӣ гардида, ба талаботи бозор ҷавобгӯ мебошад.

Таъкид гардид, ки майдони боғҳои ангур дар вилояти Суғд сол аз сол рӯ ба афзоиш дошта, деҳқонон дар самти рушди ангурпарварӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Ин тадбирҳо на танҳо барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд