
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз шаҳраки Палос боздид ба амал овард.
Дар шаҳраки Палос Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Корхонаи давлатии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ҷараёни истеҳсоли сару либоси низомӣ ва мактабиро аз наздик мушоҳида намуд. Дар корхонаи мазкур 63 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба дӯхтани либосҳои сарбозӣ ва мактабӣ машғуланд.
Бино ба иттилои масъулин, дар як шабонарӯз то 80 маҷмӯи сару либоси ҳарбӣ истеҳсол карда мешавад. Раиси вилоят таъкид дошт, ки талабот ба маҳсулоти дӯзандагӣ рӯ ба афзоиш аст ва фаъолсозии чунин корхонаҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон дар ҳамин муассиса корхонаи пойафзолдӯзӣ низ фаъолият мекунад, ки дар он 22 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Маҳсулоти истеҳсолшуда дорои сифати баланд буда, пеш аз ҳама барои таъмини сарбозон пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулини муассиса дастур дод, ки заминҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, кишти такрориро сари вақт ба анҷом расонанд. Таъкид шуд, ки истифодаи мақсадноки заминҳои кишоварзӣ метавонад ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии баландсифат мусоидат намояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




