Мулоқоти Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо ҳайати дастаҳои футболи вилояти Суғд

23 июли соли 2025 дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо ҳайат ва намояндагони дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи кунунии дастаҳо, омодагӣ ба марҳилаи дуюми Чемпионати ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи касбии бозигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дастгирии соҳаи варзиш, аз ҷумла футболи касбӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои рушди он шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Раиси вилоят ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳалли муаммоҳои ҷойдошта ва беҳтар гардондани инфрасохтори варзишӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз дошт, ки дар сурати татбиқи саривақтии нақшаҳои тасдиқшуда натиҷаҳои назаррас ба даст оварда хоҳанд шуд.

Сармураббиёни дастаҳо дар навбати худ изҳор намуданд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ омодаанд, ки дар мусобиқаҳои дарпешистода бо натиҷаҳои баланд баромад намоянд ва шарафи футболи вилояти Суғдро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он баланд бардоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд