Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии Фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорскро ба ҳузур пазируфт

18 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россия Владимир Волошок, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардааст, мулоқот кард. 

Боиси зикр аст, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россия дар шаҳри Исфара корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд» таъсис дода шуд, ки он рӯзи 17 апрел расман бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Масоҳати умумии иншоот 0,8 гектарро ташкил медиҳад ва корхона дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардид.

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия ва Олмон аст ва дар он пойафзоли гуногунранг бо андозаи аз 11,5 то 41, асосан барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол буда, дар ҶДММ «Исфара Саманд» 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши аз 800 то 2000 сомонӣ таъмин гардидаанд. Муассисони корхона тасмим доранд, ки ҳаҷми истеҳсолро зиёд карда, марҳила ба марҳила дар як сол то 150 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намоянд.

Раиси вилоят ташкили корхонаи навро, ки аз ҷониби соҳибкорони русу тоҷик бунёд шудааст, саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки таъсиси чунин корхона ба манфиати ҷонибҳо мебошад. Бо назардошти мавҷуд будани имконот ва қувваи корӣ пешниҳод карда шуд, ки чунин корхонаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ бунёд карда шавад.

Ҷонибҳо бо баррасии масоили мавриди назар барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда изҳори омодагӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд