Шиносоӣ бо сохтмони коргоҳи истеҳсолии ҶДММ “Эронёр” дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ сохтмони коргоҳи муосири истеҳсоли пилита, симчӯбҳои бетонӣ ва коркарди шағал бо ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эронёр» босуръат идома дорад. Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, ҳамчун яке аз лоиҳаҳои муҳими истеҳсолӣ дар ноҳия арзёбӣ мегардад.

Коргоҳ бо сармоягузории соҳибкори ватанӣ Ҳасанов Абдуваҳҳоб бунёд мегардад ва ҳадафи он афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, тақвияти имкониятҳои маҳаллӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки таҷҳизоти асосии иншоот аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд ва ба талаботи муосири технологӣ ҷавобгӯ мебошанд. 

Тибқи маълумот, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз ба 24 адад пилитаи бетонӣ ва 12 адад симчӯби бетонӣ мерасад. Ин маҳсулот дар сохтмони иншооти муҳандисӣ, манзили зист, хати интиқоли барқ ва дигар зерсохторҳо истифода мешавад. Илова бар ин, дар коргоҳ ҳамзамон коркарди шағал ва омода кардани маҳлулҳои сохтмонӣ (раствор) ба роҳ монда мешавад, ки эҳтиёҷоти дохилӣ ба масолеҳи сохтмонро ба таври назаррас қонеъ хоҳад кард.

Иҷрои ин лоиҳа на танҳо ба рушди соҳаи сохтмони ноҳия, балки ба мустаҳкам шудани пояҳои иқтисоди маҳаллӣ ва коҳиши вобастагӣ аз масолеҳи воридотӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, бо ба кор даромадани коргоҳ то 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии сокинон ва таъмини зиндагии шоиста замина мегузорад.

Татбиқи чунин тарҳҳои муҳими истеҳсолӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши хусусӣ ҷузъи муҳими сиёсати давлат дар самти рушди минтақаҳои кишвар ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд