
Бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ ва омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.
Зимни боздид Раиси вилоят нахуст ба ӣеморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, бо ҷараёни сохтмони бинои нави ин муассисаи тиббӣ шинос шуд. Иншооти мазкур дар ҳудуди беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои қабули беморон дар беморхона 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ шудааст.
Маблағгузори асосии иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчии он ҶДММ “Сохтмон - З” мебошад. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ наздик ба 30 миллион сомонӣ ташкил медиҳад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи дохилии бино баҳои зарурӣ дода, ба масъулин дастур дод, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда корҳои боқимондаро дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Сипас, Раиси вилоят ҷараёни сохтмони коргоҳи истеҳсоли хишти "Ҷаъфар 2024", муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 5, марказҳои савдо ва хизматрасониро мавриди боздид қарор дода, барои суръатбахшии корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадори хизмати давлатӣ Маъмурбек Назаров ва Сарвармоҳ Мирзоева, ки маъюб мебошад, хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




