Раиси вилояти Суғд бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо рафти иҷрои корҳои саҳроӣ ва азъи кишоварзии ноҳия шинос гардид.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии “Бешариқ”-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстон иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои 21 гектар замин буда, дар 14 гектар пахта, 2 гектар беда, 2 гектар офтобпараст, 2 гектар полезӣ, 0,3 гектар картошка кишт шуда, 1,4 гектар боғ мавҷуд аст. Инчунин, кишти такрорӣ дар масоҳати умумии 0,3 гектар ба роҳ монда шудааст, ки аз он 0,1 гектар сабзӣ, 0,05 гектар бодиринг ва 0,15 гектар лубиёгиҳо мебошад.

Тавре зикр гардид, соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати умумии 22 ҳазору 535,4 гектар киштукор ба роҳ монда шудааст. Бахши асосии ин кишт ба ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ рост меояд.

Бар асоси маълумоти оморӣ дар майдони 1767,9 гектар зироатҳои ғалладонагӣ кишт шудаанд. Ҳамчунин, дар майдони 10 ҳазору 281,3 гектар пахта, 918,1 гектар зироатҳои равғандор, 52,9 гектар картошка, 6,2 гектар сабзавот ва 962,4 гектар полезиҳо кишт гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади таъмини иҷрои нақшаҳои гузошташуда ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ҳамкории зич бо хоҷагиҳои деҳқониро ба роҳ монда, ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири агротехникӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Бино ба иттилои масъулин, ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар нимсолаи аввали соли 2025 ба 297 миллиону 340,4 ҳазор сомонӣ расидааст.

Раиси вилоят бо фаъолияти дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия шинос гардида, барои ҷамъоварии ҳосили полезиҳо, ба анҷом расонидани кишти такрорӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд