Шиносоӣ бо сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ шинос гардид.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони як қатор иншооти соҳаи тандурустӣ бо маром идома дорад. 

Иншооти нав дар назди беморхонаи саратоншиносии вилояти Суғд, Маркази эндокринологӣ, беморхонаи шаҳрии рақами 1 ва беморхонаи клиникавии кӯдаконаи вилоятӣ сохта мешаванд, ки дар баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.

Иншооти бунёдшаванда мутобиқ ба талаботи замони муосир омода шуда, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин мегарданд. Бунёди утоқҳои ташхис, муоина, ҷарроҳӣ, бистаригузорӣ ва дигар бахшҳои зарурӣ ба беҳдошти сиҳатии ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.

Раиси вилояти Суғд зимни боздид аз раванди сохтмон ба масъулони соҳа, аз ҷумла роҳбарияти шаҳр, меъморону сохтмончиён ва пудратчиён дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки корҳо бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонида шаванд. Ҳамзамон, барои ба роҳ мондани хизматрасонии тиббии сатҳи байналмилалӣ ва таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии омӯзгорони собиқадор Ҷумъабой Собитов (92-сола) ва Онаой Ашурова (86-сола) рафта, ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд