19-уми июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи дуввуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт.
Иҷлосия таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода доир гардида, дар он аз 70 вакили халқ 66 нафар иштирок намуданд. Ҳамчунин, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва шахсони масъул дар ҷаласа ҳузур доштанд.
Дар иҷлосия 6 масъалаи муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст ҳайати котибот интихоб ва рӯзномаи иҷлосия тасдиқ гардид. Аз ҷумла, масоиле чун рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021–2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода зимни суханронӣ иттилоъ дод, ки бо мақсади татбиқи ин барнома қарори дахлдори Раиси вилоят ба тасвиб расида, амалӣ шуда истодааст. Дар ин замина ду муассисаи таълимии нав – «Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон» ва «Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ» таъсис ёфтаанд, ки дар омода кардани мутахассисони соҳавӣ нақши муҳим доранд.
Дар доираи барнома дар вилоят зиёда аз 110 озмоишгоҳ ва 97 лаборатория дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳамчунин 147 озмоишгоҳ ва 149 лаборатория дар муассисаҳои миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, 65 рисолаи номзадӣ ва 13 рисолаи докторӣ дар ин самт дифоъ гардида, 340 конфронси сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва 1121 семинару мизи мудаввар баргузор шудааст.
Бо вуҷуди ин, вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, реактивҳои кимиёвӣ ва маводи зарурӣ баъзе муаммоҳо ҷой дошта, Раиси вилоят дастур дод, ки маблағгузорӣ дар ин самт зиёд ва ҳамкориҳо бо АМИТ ва академияҳои соҳавӣ густариш дода шаванд.
Вакилони халқ, аз ҷумла Саодат Амниҷонова, Мубина Хоҷаева ва Муаззам Ансорӣ, зимни баромади худ татбиқи барномаро қадами устувор дар рушди илм ва технологияи муосир арзёбӣ намуданд.
Қатъ гардидани ваколати бархе аз вакилон ва таъин шудани интихоботи иловагӣ дар ҳавзаҳои дахлдор, ҳамчунин тасдиқи таъиноти кадрӣ аз ҷумлаи дигар масоили муҳими иҷлосия буданд.
Дар идомаи иҷлосия масъалаҳои марбут ба кишти такрорӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Мутахассиси соҳа Бобоҷон Домуллоев таъкид кард, ки дар вилоят кишти такрорӣ оғоз гардида, 27 номгӯи зироатҳо, аз ҷумла ҷуворимакка, шолӣ, сабзавоту полезӣ, хӯроки чорво ва дигар навъҳо кишт мешаванд.
Раиси вилоят дастур дод, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, бозори фаровон ва истиқлоли озуқаворӣ технологияҳои муосир, тухмиҳои хушсифат ва моделҳои нави кишоварзӣ ба таври васеъ истифода шаванд.
Дар анҷом Раиси вилоят ба масъулини сохторҳо ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, омодагии ҳамаҷониба ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, таъмини либоси ягонаи мактабӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, фаъолсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва пурраву саривақт иҷро намудани нақшаҳои андоз супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд