Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи кӯчаҳои Хуҷанд ва Себзор оғоз ёфт.

Масоҳати умумии роҳҳои мумфаршшаванда 8800 метри мураббаъро ташкил дода, ин иқдом бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мегардад.

Таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард ҷиҳати таъмин намудани ҳаракати бемамониати нақлиёт аҳамияти муҳим дорад.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи меъёрҳои техникӣ ва бо сифати баланд дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шаванд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои созандагиву ободонӣ дар маркази вилоят вусъат ёфта, симои шаҳри Хуҷанд рӯз аз рӯз зеботар мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд