Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти корҳои саҳроӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди меваву сабзавот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, то сентябри соли 2026 ба истифода додани беш аз 12 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. Иншооти бунёдшаванда бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, инфрасохтори деҳот ва хизматрасониро фаро гирифта, ба рушди вилоят ва беҳбудии шароити зиндагии сокинон мусоидат менамоянд.
Дар машварат масъалаи кишти пахта, раванди нигоҳубини он ва иҷрои нақшаи дурнамои пахтакорӣ низ мавриди таҳлил қарор гирифт. Раиси вилоят зикр кард, ки пахтакорӣ яке аз бахшҳои асосии кишоварзӣ буда, бо дарназардошти иқлим ва имкониятҳои мавҷуда иҷрои саривақтии тамоми марҳилаҳои агротехникӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳамзамон, ба ҷамъоварии зардолу ва дигар меваҳои тару тоза, сабзавоти пухтарасида ва ҷамъоварии беталафи ҳосил таваҷҷуҳ зоҳир гардида, Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки бо истифодаи пурсамар аз имконоти мавҷуда дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои коркард маҳсулоти тару тозаро сари вақт ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳо барои басту банди муосир ирсол намоянд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки афзоиши ҳаҷми коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани имкониятҳои содиротӣ ва воридсозии маҳсулоти тайёр ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт роҳбарони шаҳру навоҳӣ, сохторҳои марбута ва соҳибкорон вазифадор шуданд, ки ҳамоҳангии кориро тақвият бахшида, иқтидорҳои мавҷударо самаранок истифода намоянд.
Дар фарҷоми машварат Раҷаб Аҳмадзода изҳор дошт, ки имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз фаровон буда, бо заҳмати пайвастаи дастаҷамъона метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд