Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ "Сирдарё" Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба он ташриф оварда, бо ҷараёни истеҳсолот ва иқтидорҳои нави технологӣ аз наздик ошно гардид.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии боғи миллии “Ваҳдат” меваи тару тозаи зардолу ба корхона ворид гардида, барои истеҳсоли афшураҳои табиӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дпр боғи мазкур имсол ҳосил фаровон буда, бо дастури роҳбарияти вилоят ҳамарӯза садҳо нафар ба ҷамъоварии ҳосил ҷалб шудаанд ва барои ҷамъоварии беталафи он тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Маҳсулоти ширкати «Сирдарё» бо тамғаи “Merci Baku” истеҳсол гардида, дар баробари бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содир мешавад. Тавре мутахассисон мегӯянд, афшураҳои табиӣ дар муқоиса бо нӯшокиҳои кимиёвӣ бехатар буда, барои саломатии инсон манфиатбахшанд.
Бо дастгирии мақомот ва ҷалби сармоя, дар корхона самтҳои нави истеҳсолӣ ҷорӣ гардида, хатҳои технологии муосир насб карда шудаанд. Дар ин замина, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, ки аз оби тоза ва маводи табиӣ бидуни иловаҳои кимиёвӣ таҳия мегарданд, бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Илова бар ин, дар корхона бо ворид намудани таҷҳизоти нав, истеҳсоли пенопласт низ оғоз гардидааст. Ин мавод дар сохтмон васеъ истифода шуда, барои гармӣ ва сармо нигоҳ доштани иншоотҳо дар тамоми фаслҳои сол мусоидат мекунад. Ба иттилои масъулин, маҳсулоти мазкур бо тамғаи «Европлекс» истеҳсол гардида, на танҳо ба бозори дохилӣ, балки барои содирот низ нигаронида мешавад.
Айни ҳол ашёи хоми зарурӣ барои истеҳсоли пенопласт аз хориҷи кишвар ворид мегардад, аммо дар нақша аст, ки дар оянда коргоҳи истеҳсоли ашёи хом низ дар дохили корхона таъсис дода шавад. Бо чунин иқдом корхона на танҳо истеҳсоли дохилиро пурра таъмин мекунад, балки имконияти афзоиши содирот низ муҳайё мешавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» намунаи равшани корхонаи муваффақ дар фазои озоди соҳибкорӣ ва натиҷаи ҳамкории муваффақ миёни бахши хусусӣ ва давлат буда, нақши муҳимро дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушду тавсеаи истеҳсолоти воридотивазкунанда дар минтақа иҷро мекунад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд