Шоми 23 май дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ширкати шумораи зиёди ҷавонон, фаъолони ҷомеа ва масъулини сохторҳои давлатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши бузурги идона баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҳамоиши идона сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, барояшон тандурустӣ ва комёбиҳои нав таманно кард.
Раҷаб Аҳмадзода дар суханронии худ зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии давлатии ҷавонон ба як самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ӯ таъкид кард, ки Пешвои миллат дар Паёмҳои худ ба ҷавонон ҳамчун такягоҳи воқеии давлат диққати махсус медиҳанд.
Раиси вилоят қайд кард, ки дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст: қабули барномаҳои давлатӣ, таъсиси стипендия ва ҷоизаҳои Президентӣ, дастгирии иқдомҳои ҷавонони соҳибистеъдод ва дигар ташаббусҳо далели равшани таваҷҷуҳи хоса ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Раиси вилоят дар идомаи суханронӣ аз саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ёдоварӣ кард. Таъкид шуд ки таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва замин, ҷудо намудани грантҳо ва стипендияҳои вижа, қадрдонии варзишгарон ва ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи чунин тадбирандешиҳо ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои роҳбари вилоят танҳо дар солҳои 2020–2025 барои бунёди инфрасохтори варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 50 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бошад бунёди садҳо иншооти нави варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, Раиси вилоят ҷавононро ба иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ, омӯзиши илму дониш, навовариву ихтироъкорӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим даъват намуд. Ӯ зикр кард, ки ҷавонон бояд донишҳои замонавиро азхуд карда, дар муқобили таҳдидҳои ҷаҳонӣ зираку ҳушёр бошанд ва ҳифзи оромии Ватанро вазифаи муқаддас донанд.
Дар поёни суханронӣ Раҷаб Аҳмадзода изҳори боварӣ кард, ки ҷавонони ватандӯст ва шуҷои вилояти Суғд минбаъд низ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар пешрафти кишвар саҳми сазовор мегузоранд.
Сипас, барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид ва ҷавонон то дергоҳ шодмонӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд