23 майи соли 2025 дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Тантанаҳои идона бо роҳпаймоии ҷавонони фаъоли вилоят ва зери шиори "Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат!" ҷараён гирифта, ҳазорон нафар иштирокчии роҳпаймоӣ аз назди Маҷмаии таърихию фарҳангии «Истиқлол» то макони баргузории ҳамоиши идона — назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳаракат намуданд.
Ҷавонон дар даст шиору Парчам ҷонибдориашонро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, якдилонаву содиқона омодагии худро барои хизмат ба халқу Ватан баён намуданд.
Мусаллам аст, ки ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои бунёдкорона ва ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шуданд, то ки илму ҳунар омӯзанд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъол бошанд ва ба ин восита дар рушди Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҷавонони Тоҷикистони маҳбубамон ва аз ҷумла ҷавонони вилоят дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа – илму маориф, фарҳанг, варзиш, соҳибкорӣ ва хизмати давлатӣ фаъолонаву сарбаландона ширкат варзида, бо дастовардҳои шоиста парчамбардори воқеии Ватани худ буданашонро исбот менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд