Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба масъалаи рушди соҳаи маориф, махсусан бунёди муассисаҳои таълимии нав ва фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳр сохтмони 4 муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шуда, инчунин бо мусоидати мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорону шахсони саховатманд бунёди 13 мактаби нав ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ сохтмони кӯдакистонҳо низ дар назар аст.
14 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода аз раванди корҳои сохтмонӣ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ боздид ба амал оварданд. Чуноне мушоҳида гардид, айни замон сохтмони бинои иловагӣ барои 480 хонанда дар назди МТМУ №46, бинои иловагӣ барои 960 хонанда дар МТМУ №30 ва бинои нави таълимии МТМУ №47 барои 1080 хонанда бо суръат идома дорад.
Бо пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини деҳаи Ҷавкандак – Ҳасанхон Мукаррамов, омӯзгори собиқадори фанни физика бо дастгирии фарзандонаш иқдом гирифтааст, ки дар деҳа бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-ро бунёд намояд. Айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд. Зимни шиносоӣ бо раванди сохтмон, роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки лоиҳаи мактаб бознигарӣ гардида, бинои нави сеошёна барои 1300 нафар дар ду баст пешбинӣ шавад. Раиси вилоят инчунин изҳор дошт, ки пас аз анҷоми сохтмон мактаб бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва дигар лавозимоти хониш аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмин хоҳад шуд.
Ҳасанхон Мукаррамов, ки дар тӯли солҳои зиёд дар тарбияи шогирдон саҳм гузоштааст, имрӯз бо сохтмони мактаби нав мехоҳад барои насли наврас муҳити мусоиди таълимӣ фароҳам оварад. Ӯ умедвор аст, ки шогирдони ин муассиса дар оянда ҳамчун фарзандони содиқу сарфароз ба халқу Ватан хизмат мекунанд.
Дар интиҳои сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан, Раиси вилояти Суғд ба дидорбинии собиқадори меҳнат Маҳмадраҷаб Ашуров рафта, ба ӯ аз номи Пешвои миллат туҳфаҳо тақдим намуд.
Ҳамчунин, Санам Аҳмадова – як сокини ниёзманди деҳаи Ҷавкандак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба ӯ низ туҳфаҳо супорида шуд. Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки барои обод ва зебо намудани манзили истиқоматии ин оилаи ниёзманд кумак расонида шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд