Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои созандагиву ободонӣ бо рӯҳияи баланд идома дорад. Тибқи нақша то ҷашни Истиқлол дар ноҳия 735 иншооти таъйиноти гуногун бояд бунёд, таъмир ва навсозӣ шаванд. То имрӯз наздик ба 75 фоизи ин нақша иҷро гардидааст.

16 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳия сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос гардид ва ба масъулон ҷиҳати вусъати корҳо супоришҳо дод. 

Яке аз иншооти ҷашнӣ — корхонаи истеҳсоли хишт мебошад, ки аз ҷониби ҶДММ “Ҷаъфар” бунёд шуда истодааст. Ин корхона дар оянда барои таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ саҳм хоҳад гузошт.

Ҳамчунин дар шаҳраки Бӯстон маркази савдои замонавии “Осиё” бо ташаббуси соҳибкор Хӯҷамаҳмад Устоев сохта шуда истодааст. Марказ аз ду ошёна иборат буда, дар қабати аввал фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар қабати дуюм фурӯши техника ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда мешавад. Иншоот пас аз мавриди истифода қарор гирифтанаш беш аз 20 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.

Корхонаи паррандапарварии ҶДММ “Ҷумъабой Мирзо” низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ мебошад. Корхона гӯштии парҳезиро бо бастабандии махсус ба бозор пешниҳод менамояд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бинои беморхонаи марказии ноҳия бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта мешавад. Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 250 кат пешбинӣ шудааст ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз хоҳад гардид.

Дар соҳаи маориф бошад бунёди бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар шаҳраки Бӯстон барои 1000 хонанда дар ду баст оғоз гардидааст. Дар баробари ин, дар асоси нақшаи генералии шаҳрак, сохтмони меҳмонхона, марказҳои савдо ва ошхонаҳо ба роҳ монда мешавад.

Дар ноҳия 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 45 гурӯҳи инкишофи кӯдак фаъолият доранд. Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия, сохтмони кӯдакистонҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда шудааст. Зимни сафари роҳбари вилоят ба сохтмони бинои нави кӯдакистони рақами 4 оғоз бахшида шуд, ки дар он барои таълиму тарбияи то 300 кӯдак шароити мусоид муҳайё мегардад.

Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки саҳми соҳибкорон ва сокинон дар сохтмони муассисаҳои томактабӣ назаррас аст ва бояд ба чунин корҳои хайр идома бахшида шавад.

Дар маҷмуъ, сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона иштирок намуда, бо бунёди роҳҳо, кашидани хатҳои оби ошомиданӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дигар иқдомҳои муҳим ҷашни 35-солагии Истиқлолро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд