Раиси вилояти Суғд собиқадорони меҳнатро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд

Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои насли калонсол ва ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон сафар намуда, бо собиқадорони меҳнат мулоқот анҷом дод.

Раиси вилоят зимни дидорбинӣ бо шахсиятҳои маъруф — Оқил Оқилов, Соро Саидова, Аҳмади Ҷӯразод ва Мария Сербулова, онҳоро бо иди бостонии Наврӯз табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки саҳми собиқадорон дар рушду пешрафти мамлакат назаррас аст ва кору пайкори онҳо мактаби бузурги сабақу омӯзиш барои насли ҷавон аст.

Бояд гуфт, ки хабаргирӣ аз ҳоли собиқадорони меҳнат дар доираи анъанаҳои неки наврӯзӣ сурат гирифта, бозгӯйи эҳтирому арҷгузорӣ ба бузургсолон ва хизматҳои арзандаи онҳо мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд