Сокинони маҳаллаи “Қӯшҳавз”-и шаҳри Хуҷанд Иди байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос ва риояи суннату ойинҳои миллӣ таҷлил намуданд.
Дар чорабинии идонаи сокинон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуда, мардуми маҳалларо ба ин ҷашни бостонӣ шодбош гуфтанд.
Зикр гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои суннатии миллати тоҷик, аз ҷумла Наврӯз эҳё гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шуд.
Дар замони муосир Наврӯз ҳамчун рамзи эҳё, дӯстӣ, покизагӣ ва якдилию ваҳдат дар аксари кишварҳои олам таҷлил мешавад. Зеро он пайвандгари наслҳо ва василаи таҳкими ҳамбастагӣ миёни мардум мебошад.
Ҷашни Наврӯз дар маҳаллаи “Қӯшҳавз” бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастархони наврӯзӣ, барномаҳои фарҳангии рангоранг ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуд. Аҳли фарҳанг ва сокинони маҳалла хаймаҳои идона ороста, маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ ва наврӯзиро ба маъраз гузоштанд.
Меҳмонон аз хаймаҳои идона боздид карда, шодишарики сокинон гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд