Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол муайян гардиданд

18 март дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футбол байни кудакону наврасон дар ду гурӯҳи синни солӣ ҷамъбаст гардид.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ташкил шуда, дар он футболбозони навраси Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар маросими супоридани қадршиносии ғолибони мусобиқа Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндаи Федератсияи футболи Қирғизистон дар вилояти Боткент Айбек Ражапов иштирок намуда, ба ғолибон ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Байни наврасони соли таваллудашон 2012-2013 ҷойи аввал насиби дастаи "ММВФЧА" -и вилояти Суғд, ҷойи дуюм насиби дастаи "Фарғона" вилояти Фарғона ва ҷойи сеюм насиби КФ "Фемили" - и шаҳри Тошканд гардид. 

Байни наврасони соли таваллудашон 2014-2015 ҷойи аввалро КФ "Суғд 87" -шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюмро КФ "Спартак"-и шаҳри Тошканд ва ҷойи сеюмро "ММВФЧА"- и вилояти Суғд соҳиб гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд