12-уми марти соли 2025 дар ипподроми ҶС ба номи Абдураҳим Ҷумъаев бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои миллии “Пойга” ва “Бузкашӣ” баргузор гардид, ки дар он човандозону варзишгарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон иштирок намуданд.
Дар чорабинии варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Федератсияи пойга ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Рамазонзода низ ширкат варзида, ҳозиринро бо Иди Наврӯз табрик намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонони дохиливу хориҷиро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки имрўзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тамоми кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврўз омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ҷараён дорад.
Мардуми шарафманди кишвари азизамон аз он ифтихор доранд, ки маҳз бо ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврўз мақоми байналмилалӣ гирифта, бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Таъкид гардид, ки дар доираи ташкили чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дўстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ дар вилояти Суғд ҳамасола ташкил ва баргузор гардидани бозиҳои миллии «Пойга» ва «Бузкашӣ» ба ҳукми анъана даромада, имрўз 27-умин мусобиқа доир мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла соҳаи асппарварӣ барномаҳои дахлдор қабул гардида, ҳамасола саршумори аспҳои зотӣ афзун мегарданд. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 марти соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 9004 сар асп парвариш карда мешавад, ки аз он 1811 сар дар бахши кишоварзӣ ва 7193 сар дар бахши хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврўзӣ барои густариши варзиш дар байни мардум, хосатан ҷавонон мусоидат карда, аз ҷониби дигар барои боз ҳам қавитар намудани муносибати дўстонаи байни халқҳо мусоидат менамояд.
Сипас, мусобиқаҳои миллии “Пойга” ва “Бузкашӣ” доир шуда, ба беҳтаринҳо туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукот, аз ҷумла автомибилҳо супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд