Тақдими туҳфаҳо ба кормандони Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва идораи роҳҳои шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 100 нафар кормандони Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Муассисаи давлатии Идораи роҳҳои автомобилгарди шаҳр маводи ғизоӣ супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани туҳфаҳо таъкид намуд, ки саҳми кормандони Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Муассисаи давлатии Идораи роҳҳои автомобилгард дар ободониву тозагии шаҳр ва нигаҳдории роҳҳо назаррас аст. Бо шарофати меҳнати шабонарӯзии ин қишри заҳматкаш тозагӣ таъмин гардида, зебоии муҳит нигоҳ дошта мешавад.

Таъкид шуд, ки минбаъд низ барои дастгирии кормандон, фароҳамсозии шароити беҳтари корӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда хоҳад шуд. 

Кормандон бо изҳори сипос қайд карданд, ки чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ онҳоро ба иҷрои боз ҳам беҳтари вазифаҳои худ ҳидоят мекунад ва барои тозагии муҳити зист ва ободонии роҳҳои шаҳр бештар талош хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд