
26 феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Суғдиён" конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор шуд. Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов, раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Федератсияи футболи вилоят, масъулони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, директорони мактабҳои варзишӣ, аъзоёни кумитаи футболи наврасон, доварон, нозирон ва роҳбарону мураббиёни дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни конференсия таъкид шуд, ки футбол ҳамчун яке аз намудҳои маъруфи варзиш дар кишвар сол то сол рушд намуда, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фараҳбахш дар рушди футбол эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол буд, ки бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид. Созмони Милали Муттаҳид 9 феврали соли 2024 бори нахуст қатъномаи махсусро дар бораи ин сана қабул намуда, 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон кард. Ин дастоварди бузург мавқеи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид ва боиси ифтихори сокинони кишвар гардид.
Дар рафти конференсия бо ҷонибдории вакилон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, Аҳмадов Илҳомҷон ба вазифаи муовини аввали раиси Федератсия, ва Марофиев Рустам ба ҳайси муовини раиси Федератсия интихоб шуданд. Ҳамзамон, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилоят тасдиқ гардид.
Дар фарҷоми конференсия Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро вазифадор намуд, ки барои рушди минбаъдаи футбол дар вилоят, дастгирии дастаҳои маҳаллӣ, беҳтар нигоҳ доштани варзишгоҳҳо ва амалӣ намудани барномаҳои рушди футбол тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




