Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. 

Дар машварат, ки бо иштироки комиссари ҳарбии вилоят, роҳбарони сохторҳои дахлдори вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони комиссияи давъатии шаҳру навоҳӣ, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо доир шуд, масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба артиш баррасӣ гардид.

Зимни баррасии масъалаи мазкур ба масъулин ҷиҳати сари вақт иҷро намудани нақшаи ҷалби ҷавонон ба мактабҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, назорати ташкили корҳо оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати ҳарбӣ ва бақайдгирии ҷавонони синну соли даъватӣ, омодагӣ барои муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд