
30 январи соли 2025 дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Иди Сада чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳо хаймаҳо ороста шуда, ҷашни аҷдодӣ бо риоияи анъанаву суннатҳои қадима таҷлил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба идгоҳ ташриф овард.
Таъкид гардид, ки ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузви фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тӯли қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст.
Ҷашни фархундаи Сада дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон тавассути талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, бо пешниҳоди кишвари азизамон -Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин падидаи муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани ҷанбаҳои қавии башардӯстона доштани ҷашнҳои миллии мо мебошад. Аз ин лиҳоз, чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз карда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо мусоидат намоем.
Тазаккур дода шуд, ки ҷашни Сада моҳиятан таҷассумгари ғояҳои неки башардўстона, дўстию бародарӣ, шодию хурсандӣ ва некиву некўкорӣ буда, мардумро ба заҳмати созанда ва ободонию бунёдкорӣ даъват менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳикмати ин ҷашни бостониро пирўзии гармӣ бар сардӣ, равшанӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он қосиди сипарӣ гардидани фасли зимистон ва наздик омадани фасли баҳор мебошад.
Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукуҳу шаҳомати мардумони ориёитабор ба шумор рафта, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Ҷашни мазкур ҳамасола рӯзи 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Дар идгоҳ, аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят хаймаҳо ва растаҳои маҳсулоти кишоварзиву ҳунармандӣ ороста шуда, инчунин, Сарраёсати кишоварзӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳти зист, Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, Иттифоқи ҷамъиятҳои “Тоҷикматлубот” ва дигар ташкилоту идораҳо маҳсулоти нонию қаннодӣ, таомҳои миллии худро ба намоиш гузошта, ҳунармандону кандакорон, оҳангарон ва сӯзанидӯзону тарроҳон ва деҳқонони заркори вилоят дастранҷи меҳнати худро пешкаши меҳмонон гардониданд.
Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни Сада ҳамзамон ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид.
Дар ҷашни Сада оташ афрӯхта шуд ва гурӯҳи ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят барои шодии иштирокдорон шеъру сурудҳо дар васфи ин ҷашни қадимаи миллати тоҷик сароиданд ва табъи меҳмононро болида намуданд.
Ҷашни Сада иди кишоварзон буда, мужда аз омодагиҳо ба киштукори баҳориро медиҳад. Аз ин лиҳоз дар ин рӯз кишоварзони вилоят ҳосили ҷамовардаи худро аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, ва дигар анвои кишоварзиро ба намоиш гузошта, тухмиҳои хушсифати пахта, гандум ва ғайраро пешкаши сокинон намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар вилоят дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар соҳаи кишоварзӣ рушд карда истодааст.
Аз ҷумла соли 2024 мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 22 миллиарду 387 миллиону 945,3 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




