Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди корхонаҳои саноатӣ идома дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сохтмону муҷаҳҳазсозии корхонаҳои саноатии ҶДММ "Суғдметал", корхонаи истеҳсоли равған ва корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгор шинос гардид.

Корхонаҳои нав бо иқдому ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шуда истодааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. 

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёду азнавсозии корхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, танҳо дар соли гузашта 36 корхонаи хурду бузург ба истифода дода шудааст. 

Раиси вилоят барои воридсозии дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ ба муассисони корхонаҳо тавсияҳо дода, барои ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд