Ниёзмандон таҳти таваҷҷуҳи давлат қарор доранд

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадори меҳнат ва як оилаи ниёзмандро аёдат кард.

Раиси вилоят ба манзили собиқадори меҳнат Абдуманнон Каримқулов ва оилаи Маҳмудовҳо омада, аз ҳоли онҳо хабар гирифт. 

Абдуманнон Каримқулов собиқадори соҳаи кишоварзӣ буда, солҳои зиёд дар соҳаи мелиоратсия кор кардааст. Оилаи Маҳмудовҳо бошад ҳамчун ниёзманд ба қайд гирифта шудааст. 

Саробони оила Камолҷон Маҳмудов маъюб аст ва аз имтиёзҳо бархурдор мебошад. 

Ба аёдатшудагон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд