Дар доираи ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ рӯзи 28 январ дар шоҳроҳи Гулистон-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти ноҳия, кормандони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.
Дар ноҳия шинонидани ниҳолу дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ вусъат ёфта, масъулон азм доранд, ки соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 44 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонанд.
Танҳо рӯзи 28 январ дар ҷамоатҳои ноҳия беш аз 1000 бех ниҳол шинонида шуда, ин тадбири муҳим минбаъд низ амалӣ хоҳад шуд.
Сипас, роҳбари вилоят бо рафти бунёди токзори ҳавозавӣ шинос гардида, барои вусъатбахшии корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд