27 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи омодагии пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардида, барои тайёр намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими нав дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Зимни боздид аз пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» иттилоъ дода шуд, ки он солҳои 60-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд шудааст. 6 агрегати он ниёз ба таъмири пурра пайдо карда, ду агрегати дигар умуман фаъолият намекард. Аз ин сабаб дар самти обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой, Гулхона, Сомониён, Ғулакандоз ва қисман заминҳои ҳудуди деҳоти Ҳаёти нав аз танқисии оби полезӣ мушкил ба вуҷуд меомад.
Бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи обкашии мазкур пурра таъмиру таҷдид карда шуда, муҳаррику дастгоҳҳои нав насб карда шуд, ки тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» айни ҳол 7885 гектар заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полезӣ таъмин карда мешавад.
Пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» дар умум дорои 8 адад агрегат буда, 4 агрегати он пурра аз таъмир бароварда шудааст, ки барои обёрии мавсими соли 2025 омода мебошад. Таъмиру омодасозии дигар агрегатҳо идома дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд