Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов калонсолонро аёдат кард.
Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли собиқадори меҳнат Оля Махатова ва маъюби гуруҳи 2 Ашурҷон Қузиева хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Оля Махатова солҳои зиёд дар соҳаи маориф кор карда, омӯзгори забони англисӣ буд ва имрӯз нафақахӯр мебошад.
Ашурҷон Қузиева бошад маъюби гуруҳи 2 буда, бо ҳамроҳии писараш зиндагӣ мекунад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд