
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони як қатор иншооти соҳаи маориф шинос гардид.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳми соҳибкорону сокинони ташаббускор имрӯзҳо сохтмони чандин мактабу кӯдакистон дар ҳудуди шаҳр идома дорад.
Аз ҷумла, дар деҳаи Навободи деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони кӯдакистон ҷараён дошта, дар он то 300 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар деҳаи Боғчаи деҳоти Шинг бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 115 барои 800 хонанда, дар деҳаи Озодагони деҳоти Хурмӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31, дар деҳаи Чинори деҳоти Чинор бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40, дар деҳаи Косатароши деҳоти Косатарош бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 123 бунёд гардида, барои таълиму тарбия насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдоварӣ карда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон дастур дода шуд, ки ба таълиму тарбияи хонандагон ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудан, соҳиби касбу ҳунар гардондани хонандагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




