
21 январи соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла қасру майдончаҳои варзишӣ, кӯдакистонҳо, мактабҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, гармхонаҳо, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, марказҳои хизматрасонӣ ҷараён дорад.
Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар деҳаи Марғедари деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатӣ ва қасри варзиш шинос гардида, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дода шуд. Қайд гардид, ки сокинони шаҳри Панҷакент дар иҷрои корҳои созандагӣ саҳми назаррас гузошта, барои ободонии маҳал талош намуда истодаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дорои наздик 24 ҳазор аҳолӣ аст, бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва ташаббусу иқдомҳои ватандӯстонаи сокинону соҳибкорон бунёду ба истифода супоридани 43 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин дам 29 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Раиси вилоят дар идомаи сафар бо рафти корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи минтақавии деҳаи Ғусар шинос шуд. Иншооти мазкур ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳоли бунёд гардида, дорои 120 кат мебошад ва дар он шуъбаҳои таваллуд, ҷарроҳӣ, узвҳои дарунӣ ва ғайра ҷой дода мешаванд. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан барои 24 ҳазор аҳолии деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ ва ҷамоатҳои наздик хизмат мерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки бинои беморхонаи минтақавии деҳаи Ғӯсар солҳои пеш сохта шуда, бо назардошти фаъолияти тӯлонӣ зарурат ба миён омад, ки бинои нав барои кормандони ин муассисаи тандурустӣ сохта шавад. Бинои нав бо фарогирии тамоми шароит бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад.
Дар шаҳри Панҷакент Маркази тиббии «Шифо», ки дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари соҳили рӯди Зарафшон воқеъ аст, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев таъмиру таҷдид мегардад. Дар дохили он ҳамчунин нахустин Маркази оши палов дар шаҳри Панҷакент бо тарҳи миллӣ бунёд хоҳад шуд. Тавре ба роҳбари вилоят маълумот доданд, бинои маркази тиббӣ таҷдид шуда, ба худ намои нав мегирад ва дар он барои табобату истироҳати мизоҷон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, минбаъд чун табобатгоҳ – осоишгоҳ хизмат мекунад. Дар як гӯшаи ҳудуди марказ ҳоло сохтмони маркази оши палов бо тарҳу меъмории миллӣ идома дошта, баъди анҷоми корҳо он ба гӯшаи истироҳат барои меҳмонон ва сокинони шаҳр табдил меёбад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ иброз дошт, ки бо дастгириии Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, ҳамасола даҳҳо иншооти наву замонавӣ мавриди истифода қарор мегирад. Бунёду навсозии иншооти соҳа дар Панҷакент имкон фароҳам меорад, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии минтақа боз ҳам беҳтар гардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




